ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Хуҷанд ният доранд симои шаҳрро комилан дигар ва замонавӣ кунанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аллакай бо лоиҳаҳои иншооти нав шинос шудааст.
Коршиносони соҳаи сохтмон гуфтанд, ки тамоми лоиҳаҳо бо назардошти нақшаи генералии ободонии шаҳр сохта шудаанд ва бояд симои маркази маъмуриро беҳтар созанд.
Тибқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, тақрибан садтои онҳо намоиш дода шуданд, ки бар асоси нақша дар кӯчаи Сирдарё сохтмони якчанд иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин дар ҳудуди варзишгоҳи шаҳрии "Спартак" боз як комплекси биноҳои истиқоматӣ сохта мешавад. Дар ин макон дар назар аст, ки 21 бинои истиқоматӣ пайдо шавад.
Дар хусуси худи лоиҳа бошад, ҳамаи биноҳо 16 ошёна буда, дар наздикии он марказҳои нави маориф, маданият ва тандурустӣ қомат хоҳанд афрохт.
Дар кӯчаҳои И.Сомонӣ, К.Хуҷандӣ, Гагарин, Истиқлол низ иншооти зиёде пайдо мешаванд.