Раҳмон дар Душанбе "Крокус фитнес" ифтитоҳ кард

Маҷмааи варзишӣ бо масоҳати беш аз 7500 метри мураббаъ дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз карда, дар як вақт метавонанд 2,5 ҳазор нафар дар он тамрин кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Клуби инноватсионӣ ва фитнеси "Крокус фитнес"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти риасҷумҳури Тоҷикистон, иншооти мазкур бо назардошти талаботҳои муосир бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
"Аз ҷумла, дар як вақт дар ин иншоот бештар аз 2 ҳазору 500 нафар метавонанд, ба навъҳои гуногуни варзиш машғул шаванд ва бо онҳо мураббиёни ботаҷрибаву таҳсилдида машғулият мегузаронанд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидаст, ки масоҳати бинои "Крокус фитнес" 7500 метри мураббаъро ташкил дода, он бахшҳои гуногуни машқу тамрин ва нигоҳдории солимиву зебоиро дар бар мегирад.
Пешниҳоди бозбинии куллии бахши варзиш дар Тоҷикистон: ба "табобат" ниёз дорад!
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки дар Клуби инноватсионӣ ва фитнес бештар аз 100 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Зикр шудаст, ҳамаи кормнадон давоми чанд моҳ аз курсҳои бозомӯзӣ, ки бо иштироки мутахассисони соҳибмалака доир гардида буд, гузаштаанд.
"Крокус фитнес" шабакаи бузурги клубҳои инноватсионии фитнесиро дар кишварҳои мухталиф дар бар гирифта, ифтитоҳи он дар шаҳри Душанбе аввалин дар минтақа арзёбӣ шудаст.