Маскав: Вокуниши Киев ба ҳодисаи пули Қрим хусусияти террористии онро ошкор кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, изҳороти мақомоти Украина пас аз ҳамла ба пули Қрим эътирофи террористии он аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар вокуниш ба изҳороти мақомоти Украина дар бораи инфиҷори дар пуле, ки нимҷазираи Қримро ба Русия мепайвандад, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова гуфт, ки изҳорот хусусияти террористии режими онҳоро ошкор мекунад.

"Ҷавоби режими Киев ба тахриби инфрасохтори мулкӣ далелу характери террористии он аст", - навиштааст Захарова дар телеграм-канали худ.

Субҳи имрӯз 8 октябр Кумитаи миллии зиддитеррористӣ хабар дод, ки субҳи 8 октябр як мошини боркаш дар болои пули Қрим мунфаҷир шуд.
Ин ҳодиса боиси сӯхтори ҳафт бушкаи сӯзишвории қатор шуд, ки дар натиҷа қисман фурӯ рехтани роҳ низ ба амал омад.
Ба гуфтаи ин кумита, фарзия вуҷуд дорад, ки таркиш кори дасти нерӯҳои амалиёти вижаи Украина будааст.
Аксенов дар бораи таъмири пули Қрим гуфт: мусофирбарӣ бо фаробар оғоз шуд
Бо дарозии 19 километр пули Қрим дарозтарин пули Русия аст. Роҳи нақлиётии он моҳи майи соли 2018 ба фаъолият оғоз кард. Ва дар моҳи декабри соли 2019 аввалин қатораҳо дар қитъаи роҳи оҳани он ҳаракат мекарданд.
Ҳоло дар пайи ин ҳодиса ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим қатъ шудааст. Дар робита ба вазъи фавқулода комиссияи ҳукуматӣ таъсис ёфт, ки ба он муовини сарвазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин раҳбарӣ мекунад.
Раҳбари Қрим Сергей Аксенов хабар дод, ки пас аз анҷоми корҳои тафтишотӣ фавран таъмири пул оғоз мешавад.
Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир барои равуо фаробарҳо таҳия шудааст, ки ба мусофирон хидмат мерасонад.