ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Се муассисаи таълимӣ ва як деҳаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ба номи сарбозони шаҳидшудаи муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузошта шуданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Манбаъ хабар додааст, ки ҳукумати ноҳияи мазкур мақсад аз номгузории мактабҳову деҳа ба номи сарбозони шаҳидшуда, зинда нигаҳ доштани номи онҳо мебошад.
Ба иттилои мақомот сарбози фавтида Сунатулло Маҳмадов дар деҳаи Арали ҷамоати деҳоти Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шуда, мактаби рақами 3-и ин деҳаро хатм кардааст, аз ин хотир ин муассиса ба номи ӯ гузошта шуд.
Ба иттилои манбаъ деҳаи Правдаи ноҳия ба номи Муҳаммадҷон Пиров, ки дар муноқишаи марзӣ аз тири душман кушта шуд гузошта шудааст.
Муассисаи таълимии рақами 5-и ноҳия низ ба номи сарбози фавтидаи дигар Абдураҳим Нурзода гузошта шуд. Гуфта шуд, ки Абдураҳим Нурзода хатмкардаи мактаби 5-и деҳаи Нусратулло Махсуми ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад.
Инчунин мактаби рақами 55 бошад, ба номи Шуҳратҷон Тағоймуродзода номгузорӣ шудааст. Ӯ низ дар муноқишаҳои марзӣ аз сӯйи сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид.