ДУШАНБЕ, 30 сен – Sputnik. Ҳеҷ як кишвари ИДМ кафолат надорад, ки аз сӯйи кишварҳои Ғарб таҳти сарварии ИМА ба сиёсати онҳо дахолат карда намешавад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.
Оқои Лавров ахиран дар Маскав дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои вижа ва истихборотии кишварҳои узви ИДМ аз талоши ташкили инқилоби ранга дар Беларус ёдовар шуд, ки ду соли пеш сурат гирифт.
"Аммо маълум аст, ки ҳеҷ кишвари ИДМ аз ин гуна дахолат кафолат надорад. Ин дар амалҳои ғаразноки ИМА, НАТО, Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ ба таври ошкоро дида мешавад", - гуфт Лавров.
Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин низ гуфт, кишварҳои Ғарб талош доранд дар қаламрави кишварҳои ИДМ низоъ ба вуҷуд биёранд.
“Рақибони мо дар пайи ҳадафҳои худ ҳастанд. Онҳо омодаанд, ҳар касе ва ҳар кишварро зери балое гузоранд ва ин кишварро ба маркази бӯҳрон табдил диҳанд. Инқилобҳои ранга роҳандозӣ мекунанд ва қатлу кушторро ба роҳ мемонанд. Мо инро на як бору ду бор дидаам”, — гуфт Путин.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ин ба хотири ҷилавгирӣ аз ташаккули низоми одилонаи ҷаҳонӣ сурат мегирад - Ғарб талош дорад ихтилофоти кӯҳнаро дубора ба вуҷуд биёрад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан дар Маскав ҷаласаи роҳбарони мақомоти махсус ва амниятии кишварҳои узви ИДМ ҷараён дорад, ки аз Тоҷикистон дар он раиси КДАМ ҶТ, Саймумин Ятимов иштирок дорад.