Маълум шуд, намояндагии "Ориёнбонк" дар Тошкандро кӣ сарварӣ мекунад

Дувумин бонки бузурги Тоҷикистон мудири ҷадиди як филиали бузургеро, ки дар пойтахти Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт, таъин кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон, дар Ӯзбекистон филиалашро боз ва раҳбарашро таъйин кард.
Ин дуввумин бонки Тоҷикистон аст, ки дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз мекунад.
Дар “Ориёнбонк” дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки намояндагӣ дар шаҳри Тошканди кишвари ҳамсоя фаъол шуда, Умед Давлатзод, яке аз муовинони раиси бонк раҳбарии онро ба дӯш хоҳад дошт.
“Тамоми расмиёт анҷом шуда, кор шуруъ шудааст. Ҳадаф аз ифтитоҳи намояндагӣ мусоидат ба рушди ҳамкориҳои бонкиву тиҷоратӣ ва дар умум иқтисодӣ аст”, - гуфт манбаъ.
Умед Давлатзод, номзади улуми иқтисодӣ, соли 1975 дар деҳаи Дараи Ниҳони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
"Ориёнбонк" дар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ намояндагияшро боз кард
Вай пас аз як давраи кор дар факултаи иқтисоду банақшагирии иҷтимоии ин донишгоҳ аз соли 2003 ба “Ориёнбонк” ба кор омад ва то вазифаи муовини раиси бонк иртиқоъ ёфт.
Умед Давлатзод аз соли 2009 то 2017 муовини вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон буд. Пас аз хатми ин вазифа дигарбора ба “Ориёнбонк” баргашт ва муовини раиси бонк таъйин шуд.
Ҳамакнун ин вазифаро ҳам нигоҳ медорад ва ҳам раҳбари намояндагии “Ориёнбонк” дар Ӯзбекистон хоҳад буд. Бори аввал “Алиф бонк” – и Тоҷикистон соли 2019 дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз карда буд.