Покистон: Толибон аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд

Намояндаи доимии Покистон дар СММ аз толибон хост аз фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон алайҳи кишварҳои ҳамсоя ҷилавгирӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Намояндаи доимии Покистон дар СММ Мунир Акрам гуфт, ки Покистон аз талошҳо дар заминаи аз байн бурдани гурӯҳҳои террористӣ бо эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Афғонистон ҳимоят мекунад.
Вай изофа кард, ки ҷаҳон бояд ба таъаҳҳудоти худ дар заминаи кумакҳои башардӯстонаи 4,2 миллиард долларӣ ба Афғонистон амал кунад.
Ин изҳороти намояндаи Покистон дар ҳолеаст ки Шаҳбоз Шарифи нахуствазири Покистон низ ахиран дар Маҷмаъи умумии Созмон милал гуфта буд, ки Исломобод ҳамонанди кишварҳои дигари нигарони фаъолияти гуруҳҳои террористӣ аз Афғонистон аст.
Дар вокуниш ба ин изҳорот, Шермуҳамад Аббосистонакзай, муовини вазири хориҷаи ҳукумати толибони рӯзи гузашта аз мақомҳои покистонии хост, ки даст аз сар Афғонистон бурдоранд.
Посухи толибҳо ба нигарониҳои Душанбе аз ҳамлаи эҳтимолии мусаллаҳона ба Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, ахиран дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, Афғонистон ба суръат ба паноҳгоҳи террористҳо ва макони амни ифротигароии радикалии Толибон дар минтақа табдил мешавад.
“Мо шоҳиди кори систематикӣ ҳастем, ки бар асоси он ҳамаи шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷангҷӯёни хориҷӣ ба шимоли Афғонисон интиқол дода мешаванд ва ҳадафи он эҷоди бистари нави танишҳо дар наздикии марзҳои мо аст”, - гуфт вазири хориҷаи Тоҷикистон.
Дипломати тоҷик бо нигаронӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона аз сӯи Афғонистон, зарурати таҳкими ҳифзи марз бо ин кишварро муҳим хонда буд.
Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунон толибонро муттаҳам кард ки хости кишварҳои минтақа ва ҷомеъаи ҷаҳониро дар робита ба эҷоди як ҳукумати ҳамашумул нодида гирифтааст.
Ҳушдори барномаи ҷаҳонии ғизо аз хатари қаҳтӣ дар 20 соли ахир дар Афғонистон
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи ҳукумати муваққати толибҳо нигарониҳои Тоҷикистон аз вазъияти амниятии Афғонистонро беҷо донист.
Вай гуфт, вазъияти амниятии Афғонистон барои ҳамсоягон ҷойи нигаронӣ надорад.
"Мо инро рад мекунем, ки Худои нохостаи кадом гуруҳи террористӣ дар Афғонистон ҷо мегирад ва ё аз хоки Афғонистон зидди касе истифода хоҳад шуд . Мо ин итминонро додем. Ин нигаронии Тоҷикистон беҷост", - афзуд ӯ.
Муҷоҳид изҳор доштааст, ки ҷониби Тоҷикистон нигарониашанро аз наздик бо толибҳо дар миён гузорад.