ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Толибони бо даҳҳо мошинҳо борбар таҷҳизоту васоили мавҷӯд дар майдони ҳавои Багромро аз ин пойгоҳи Низомӣ берун кашидаанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба нобеъ аз майдони ҳавои Багром ба рӯзнома “Ҳашти субҳ”.
Ба иттилои манбаъ, толибон аз субҳ то шом бо мошинҳои боркаш контенарҳо, чапаркатҳои шифохона ва даҳҳо навъи василаро аз ин майдон берун кашидаанд.
Манобе меафзоянд, ки ин васоили зери тадобири шадиди амниятӣ ва гаштзанӣ мошинҳои мамлу аз афроди толибон дар маҳал берун кашида шудааст.
То кунун равшан нест ки ин васоил ба чӣ мақсад берун кашида ва ба куҷо мунтақил шудааст.
Дар ҳамин ҳол, толибон низ дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Гуфтанӣ аст ки майдони ҳавои низомии Багром дар 20 соли гузашта ба унвони бузургтарин пойгоҳи неруҳои байналмилалӣ, мизбони садҳо сарбози НАТО буда аст.
Дар ин пойгоҳи низомӣ илова бар бахшҳои вижаи низомии НАТО як шифохонаи муҷаҳҳаз низ рӯзона хадамоти нодири сиҳиро барои мардум ироа мекард.
Дар ин пойгоҳи низомӣ илова бар бахшҳои вижаи низомии НАТО як шифохонаи муҷаҳҳаз низ рӯзона хадамоти нодири сиҳиро барои мардум ироа мекард.
Пас аз тасаллути толибон бар кишвар умдатан толибони ҳилмандӣ ва қандаҳорӣ дар майдони ҳавои Багром мустақар будаанд.