ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Писари раҳбари Қрим дар доираи басиҷи нисбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия даъват шудааст. Дар ин бора иттилоъ додааст раҳбари Қрим, Сергей Аксенов.
"Қонун барои ҳама як аст. Имрӯз писари ман ба хидмат даъват шуд ва аллакай ба қисми низомӣ рафтааст", - гуфтааст оқои Аксёнов ба хабаргузории ТАСС.
Сергей Аксенов таъкид кард, ки аз писараш ифтихор мекунад, ва бовар дорад, ки ҳеҷ кас наметавонад аз ҳаводиси имрӯза канор бимонад ва ҳар фард бояд қарзи худро назди Ватан адо намояд.
Тибқи маълумоти расмӣ ин мақомдори аршади мақомоти Русия соҳиби ду фарзанд аст – духтараш Кристина 28 сол дорад ва писараш Олег 25-сола аст.
Ҳамчунин, мақомоти Қрим барои пуштибонӣ аз онҳое, ки басиҷи нисбӣ даъват шудаанд, як қатор тадбирҳо андешидаанд. 22 сентябр Аксенов эълон кард, ки барои ҳар сафарбаршуда 200 ҳазор рубли русӣ пардохт хоҳанд кард. Маблағ дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба корти шахсии сарбоз пардохт мешавад.
Илова бар ин, ҳамчунин қарор аст, барои сафарбаршудагон аз Қрим дар ҳудуди ин минтақа қитъаҳои замин ҷудо карда шавад.