Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Равонасозии нерӯи иловагӣ ба барқарорсозии хонаҳои харобгашта аз зарбаи Қирғизистон

Барқарорсозии хонаҳои харобгашта дар марз бар асари зарбаҳои нерӯҳои низомии Қирғизистон таҳти назорати раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҷамоатҳои наздимарзии Чоркуҳ ва Сурхи шаҳри Исфара боздид кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, ҳадафи боздид шиносоӣ бо раванди барқарорсозии манзилҳои истиқоматии сокинон буд, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидаанд.
Таъкид шудааст, ки раиси вилоят аз тамоми манзилҳои истиқоматии харобшудаву зарардида дидан кард.
"Ӯ барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии нерӯи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулини мақомоти вилоят ва шаҳри Исфара супоришҳои мушаххас дод", - омадааст дар иттилоия.
Барои наҷоти толибилмон рафт, аммо худаш кушта шуд
Ба гуфтаи раиси Суғд, барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи хосаи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зикр шудаст, ки аз пойтахт барои зарардидагон маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас карда шуд.
Ҳамчунин Аҳмадзода барои дар муҳлати кутоҳтарин барқарор намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 ба шахсони масъул дастур дод.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи муноқишаи ахири марзӣ даҳҳо хонаю иншооти мулкии Тоҷикистон хароб гардида, даҳҳо нафар куштаю маҷруҳ шуданд.