ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кило бар ҳарифи русиягияш Обид Ҷебов дар даври ниҳоӣ пирӯз шуда, медали тило гирифт.
Ин набард дар доираи 9-умин мусобиқаи байналмилалии ҷудо барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд идома дорад, доир шуд.
Дар ин мусобиқа ҷудокори дигари тоҷик Акмал Муродов зери вазни то 90 кг аз ҷудокори эронӣ Қосим Бақчеқӣ шикаст хӯрда, аз идомаи мусобиқа бенасиб монд. Бақчеқӣ дар даври навбатӣ ҳамакнун бо ҷудокори дигари тоҷик Парвиз Абдураҳмонов сабқат мекунад
Ҷудокори тоҷик Кароматулло Ҳакимов зери вазни то 90 кило ҷудокори ӯзбек Озобек Муротовро шикаст дода, ба даври нимниҳоии мусобиқаи Ҷоми Президенти ҶТ оид ба ҷудо роҳ ёфт.
Мансур Раҳмон миёни сангинвазнҳо бо имтиёзи иппон Некрӯз Некбахтзодаро дар дақиқаҳои аввали сабқат мағлуб карда, дар даври чорякниҳоӣ бо Жамбул Тургиналиев аз Қазоқистон зӯрозмоӣ мекунад.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд феълан идома дорад. Сабқат аз рӯи 5 категорияи вазнӣ миёни мардон дар вазнҳои -66кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг, инчунин дар ду вазн миёни занон 57кг ва -63 кг сурат мегирад.
Дар ҳар вазн барои барандаи ҷойи аввал 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар шудааст.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз соли 2013 баргузор мешавад. Қаблан солҳои гуногун шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Хуҷанд мизбони мусобиқа буданд.