ДУШАНБЕ, 19 сен – Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон баъди ба имзо расидани санад миёни раҳбарони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон марзбонони боздоштаи кишвари ҳамсояро озод карданд.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз мақомоти марзбонии Тоҷикистон афсарони қирғиз, барои иштирок дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзии рӯзи 16 сентябр мавриди боздошт қарор гирифта буданд.
“Шоми имрӯз миёни роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар созишнома дар бораи оташбас ба имзо расид ва тибқи он марзбонони боздоштшуда раҳо карда шуданд” - гуфт, манбаъ.
Баъд аз зуҳри рӯзи 19 сентябр Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев зимни баргузории мулоқоте санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонданд.
Тавре Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, мулоқоти ҷонибҳо дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон"- и шаҳри Исфара дар марз бо ноҳияи Ботканд баргузор гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас санад ба имзо расонидаанд.
Дар ҷараёни гуфтушуниди ҳардуҷониб таъкид кардаанд, ки масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳи хоса қарор дода шуда, мушкилоти мавҷудаи марз бо роҳи гуфтушунид баррасӣ ва ҳал карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки даргирии густарда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон субҳи рӯзи ҷумъа оғоз шуд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба тирпарронӣ муттаҳам карданд. Қариб дар тамоми хатти сарҳад задухӯрди шадиди миёни низомиёни ду кишвар тамоми рӯз идома кард.
Ба оташбас танҳо шаб даст дод. Субҳи рӯзи шанбе задухӯрдҳои фосилавӣ аз сар гирифта шуданд. Ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи созишномаи оташбас муттаҳам карданд. Ҷониби Қирғизистон танишро ба марзҳои шарқии Тоҷикистон кӯчонид, ки дар гузашта чунин ҳолат набуд. Тирпарронӣ танҳо шоми шанбе қатъ шуд.
Ба гузориши КДАМ Тоҷикистон, низиёмиёни қирғиз бо силоҳҳои вазнин ва ҳатто бесарнишинҳо манотиқи аҳолинишини наздимарзиро ҳадаф қарор доданд, ки дар натиҷа куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт.
Ҷониби Қирғизистон хабар дод, ки бар асари даргириҳо 59 нафар кушта ва 163 нафар захмӣ шудаанд. Тоҷикистон бошад, аз 41 кушта ва 30 захмӣ хабар дод.