ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Пойтахти Қазоқистон билохира боз ба Остона табдил ёфт. Фармон дар бораи ба шаҳри Нурсултон баргардонидани номи пешинааш имрӯз, 19 сентябр, эътибор пайдо кард.
Ҳамакнун дар робита ба тағйири номи пойтахт дар шоҳроҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ иваз кардани 467 лавҳаи иттилоотӣ дар назар аст, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.
"То имрӯз тақрибан 100 лавҳаи иттилоотӣ аз байн бурда шуд, корҳо оид ба ивазкунӣ идома доранд", - гуфтанд дар маркази матбуъотии "КазАвтоЖол".
Маврид ба зикр аст, ки қарори ивази номи пойтахтро қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо карда буд.
Номи пойтахти Қазоқистон моҳи марти соли 2019 пас аз истеъфои Нурсултон Назарбоев, ки тақрибан 30 сол ин кишварро раҳбарӣ мекард, аз Остона ба Нурсултон табдил шуд.
Қосим Ҷомарт Тоқаев, ки қаблан раиси сенати (палатаи болоии) парлумони кишвар буд, раҳбари давлат шуд. Тоқаев баъд аз ба сари қудрат расиданаш пешниҳод кард, ки пойтахти кишвар шаҳри Остона ба шарафи президенти нахустини Қазоқистон ба номи Нурсултон иваз карда шавад.
Худи ҳамон руз парлумон тагйироту иловахои дахлдорро ба конституция кабул кард. Худи Назарбоев борҳо изҳор дошт, ки мухолифи ҳар гуна иваз кардани номи пойтахт аст.
Сарфи назар аз миқёси тағйирот, мақомоти Қазоқистон шаҳрвандонро ором карданд: ин дафъа иваз кардани ном ба сокинони пойтахт ҳеҷ қимате нахоҳад дошт, тамоми хароҷоти зарурӣ аз буҷаи шаҳр гирифта мешавад.