Амрико Урупоро наҷот нахоҳад дод

Дар айни замон, ки тобистон ба охир расида ва сардии зимистони имсола ҳанӯз оғозаш хабар надода, ваҳдати пурифтихори Ғарб дар ҳоли аз байн рафтан аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik, Сергей Савчук. Мусоҳибаҳои сершумори роҳбарони ширкатҳои нафту гази амрикоӣ дар матбуоти хориҷӣ паҳн мешаванд, ки онҳо мустақиман ва бидуни ҳеҷ гуна шубҳа мегӯянд, наметавонанд Аврупоро аз нарасидани манбаъҳои карбогидридӣ наҷот диҳанд.
Ин дар ҳолес, ки маҳз Вашингтон Брюсселро ба ин вазъ тела медод ва амалан талаб мекард, ки алайҳи интиқоли ангишт, нафт ва гази Русия тамоми чораҳои маҳдудкунандаи имконпазирро ҷорӣ кунад. Интизор мерафт, ки ҷорӣ кардани эмбарго иқтисоди Русияро коҳиш диҳад ва буҷаро хушк кунад, ки ба эътиқоди бисёриҳо, бозори содироти Русия ба ворид кардани асъор аз фурӯши манобеъи энержӣ, бахусус ба Аврупо, ки таърихан калидӣ буд, асос ёфтааст. ИМА дар ҳар гӯша карнай мезананд, ки вай иттифоқчиёнашро аз ҳисоби зиёд кардани захираҳои трансконтиненталии нафти сланетс ва гази моеи худ наҷот медиҳад.
Кундакафонии Лукашенко барои зимистонгузаронии Аврупо –видео
Бо вуҷуди ин пас аз манъи пурраи хариди ангишти Русия ва кӯшиши ҷорӣ кардани ҳадди ниҳоии нархи нафт ногаҳон маълум шуд, ки иваз кардани ҳаҷми коҳишёфта хеле мушкил аст ва он чизе, ки аз дигар кишварҳо омадааст, аллакай чанд маротиба зиёдтар арзиш дорад. Масалан, арзиши як тонна ангишти энержӣ беш аз 350 долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба як соли қабл ҳадди ақал се маротиба зиёдтар аст.
Вазъияти бозори нафти рӯзи гузаштаро вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен хеле фаҳмо ва фасеҳ тавсиф карда буд. Вақте ки мамнуияти пурраи воридоти нафти Русия ҷорӣ мешавад - имкони он ҳанӯз баррасӣ мешавад ва эмбарго метавонад то охири сол эътибор пайдо кунад, ки ин боиси ҷаҳиши якбораи нархҳо мешавад.
Бояд гуфт, амрикоиҳо ҳиссаи худро дар содироти Уврупо, дар ҳақиқат, ҷиддӣ ва якбора зиёд карданд. Масалан, дар моҳи апрел, яъне камтар аз ду моҳ пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина ва коҳиши тадриҷии таъминоти Русия нафтчиёни амрикоӣ ба дӯстони аврупоии худ дар як рӯз ба миқдори рекордии 1,5 миллион баррел нафт мефурӯхтанд.
Қимати газ дар Аврупо рекорд зад
Содироти гази табиӣ низ ба таври назаррас афзоиш ёфт - танҳо дар моҳи июл амрикоиҳо ба бандарҳои Аврупо бо ҳаҷми умумии 57 миллиард метри мукааб LNG интиқол доданд. Ҳамин тариқ ҷаҳони куҳна ба бозори асосии фурӯш табдил ёфт ва 68 фоизи тамоми гази ба хориҷа фурӯхташударо ташкил дод, ки аслан амрикоӣ аст. Гузашта аз ин маъмурияти президент Байден савганд ёд кард, ки таъминотро боз ҳам афзоиш медиҳад, ҳатто бо ишора ба 15 миллиард метри мукааб. Маҳз дар зери ҳамин оҳанг бо истифода аз рақамҳои дар боло зикршуда ӯ Иттиҳоди Аврупоро водор кард, ки худро ба худкушии энергетикӣ расонад.
Дар воқеъ, тақсимоти ғайриқонунии бозор ба амал омад, ки фурӯшанда аз як сӯ харидорро то марг тарсонда бошад, аз тарафи дигар ба ӯ кӯҳҳои тилло ваъда ва рақибро пеш кард. Нақша ба солҳои 90-уми монанд аст, ки вазъ дар он солҳо унсурҳои ҷиноӣ ва рэкетҳоро ба вуҷуд оварда буд.
Ва акнун, миёнаҳои моҳи сентябри хеле гарм суханронӣ аз он тарафи уқёнус ба таври куллӣ тағйир ёфт. Мухтасар гӯем, фикри асосиро ба таври зайл тасвир кардан мумкин аст: нефту газ нест, вале шумо мавқеи худро тағйир надиҳед.
Масалан, намояндаи як ширкати бузурги саҳҳомии “Quantum Energy Partners”, ки ба сармоягузорӣ дар бахши нафту газ тахассус дорад, рӯирост мегӯяд, на ҳоло ва на дар ояндаи наздик зиёд кардани истеҳсолот имконнопазир аст.
Ӯро ҳамкасбон аз ширкати пармакунии "Пионер натурал ресурс" ҳамовозӣ мекунанд. Мудири он мушаххас мекунад, ки шумораи дастгоҳҳои пармакунӣ дар ИМА дар як соли охир амалан бетағйир боқӣ мондааст ва нақшаи зиёд кардани шумораи онҳо вуҷуд надорад. Гузашта аз ин интизор меравад, ки истихроҷи нафти хом ҳатто тақрибан як миллион бушка дар як рӯз коҳиш ёбад.
Азбаски ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои минбаъда аз ҷониби ИА амалан як масъалаи ҳалшуда аст, интизор меравад, ки то охири сол ҳаҷми содироти нафти Русия ва маҳсулоти он ба ҷаҳони куҳна дастикам 20 дарсад коҳиш ёбад. Бозорҳо ба таври кофӣ вокуниш нишон доданд ва як баррели истинод ба “Brent” дар музоядаи охирин ба таври эътимодбахш 95 долларро ташкил доду бо назардошти коҳиши дарпешистодаи таъминот ва изҳорот аз хориҷа мо метавонем бовар дошта бошем, ки тилои сиёҳ қимат нахоҳад шуд.
Ҳушдори Юшков аз гази 6-ҳазордолларӣ ва ғайрисаноатӣ шудани Аврупо - видео
Суханронии Александр Новак, ки пешгӯии коҳиши содироти гази табиӣ ба ИА ба маблағи тақрибан 50 миллиардро эълон кард, ба оташ рӯған рехт. Аммо ин маънои онро надорад, ки буҷаи Русия камтар фоида мегирад. Дар ояндаи наздик гуфтушуниди ниҳоӣ дар ҷиҳати созиш дар бораи сохтмони лӯлаи гази "Сила Сибири-2" бо зарфияти ҳамон 50 миллиард метри мукааб сурат мегирад.
Дар зимни зиёд кардани ҳаҷми таъминот аз тариқи он дар назар аст. Дар муддати кутоҳ ба воситаи ин қубур камаш 20 миллиард мукаабметр сӯзишвории кабуд ҷорӣ карда мешавад. Лӯлаи газ аз Владивосток ба қисми шимолии Чин ҳам дар ҳолати фароварӣ қарор дорад. Ин 10 миллиарди дигар аст. Бале, лоиҳаҳои номбаршуда фардо ба кор андохта намешаванд, аммо қубурҳо ниҳоят бозори Русияро бо шабакаҳо ва амалан бепоён дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором аз ҷиҳати ниёзҳо мепайванданд.
Дар мавриди вокуниш ба изҳороти энергетикҳои амрикоӣ дар худи Аврупо, ки ба мавсими гармидиҳӣ бо дурнамои бениҳоят тира ворид мешавад, дар ин ҷо, бидуни ҳеҷ муболиға, ҳама чизро интизор шудан мумкин аст - аз таркиши норозигии мардум то суқути ҷисмонии ин сиёсӣ.
Ғуруби Аврупо тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунад
Рӯзи дигар сарвазири Лаҳистон ба Олмон бо интиқод ҳамла ва ӯро дар эҷоди буҳрони кунунӣ муттаҳам кард. Мораветский гуфт, ки саноати энержии Аврупо дар ҳоли харобшавӣ қарор дорад ва сабаби ин пеш аз муҳлат даст кашидани Берлин аз нерӯгоҳҳои ангиштӣ ва ҳастаӣ, инчунин вобастагии аз ҳад зиёд аз ҷараёни шимолӣ мебошад, ки бо сабабҳои маълум дигар вазифаҳои худро иҷро карда наметавонад.
Аммо қазия бо тамом намешавад.
Лаҳистон эълон кард, ки он аз олмониҳо барои солҳои ишғолгариҳояш дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ товони ҷангӣ — бештар аз як триллион доллар талаб мекунад. Яъне Варшава, гирандаи асосии кумаки молии бебозгашт аз буҷаи Иттиҳодияи Аврупо дидаву дониста муносибатҳоро бо донори асосӣ то ҳадди аксар бадтар мекунад. Ин танҳо дар бораи умқи буҳрони системавии сиёсие, ки аз буҳрони энергетикӣ баромадааст, шаҳодат медиҳад.
Русия интиқоли газ ба Аврупо тавассути "Маҷрои шимол"-ро қатъ кард
Суханоне, ки роҳбарони Лаҳистон дар ҳафтаҳои охир гуфта буданд, дар дигар мавридҳо, агар барои қатъи муносибатҳои дипломатӣ набошад ҳам, бешубҳа, барои то ба ҳадди сардӣ расидани равобити ду кишвар кофӣ ҳастанд. Шиддати суханронии байнидавлатии дохилиурупоӣ буҳрони Аврупоро рӯшан инъикос мекунад, ки иштирокчиёни алоҳида бо хашму ғазаб кӯрпаи карбогидридиро ба болои худ кашида, ҳамзамон дар байни ҳамсоягони худ гунаҳкоронро меҷӯянд.
Буҳрони ҳозираро дастони ИМА ба вуҷуд овардааст ва ҳич кас кафолат дода наметавонад, ки раванди марказгурезт Аврупо сар нахоҳанд шуд. Аммо мумкин аст, ки тарроҳони буҳрон маҳз ҳамин тавр карданд.