ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Муҷассамаи Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра, Абдулло Назрӣ ва Муъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз барафрохта мешавад, хабар дод "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, феълан сохтмони муҷассамаҳои арбобони шинохтаи санъати тоҷик Борбади Марвазӣ, Акашариф Ҷӯра ва Абдулло Назрӣ, ки бо сифати баланд амалӣ шуда истодааст, дар ҳоли анҷомёбист.
Таъкид шудааст, ки ин иқдом аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша амалӣ гардида истодааст.
"Дар баробари ин дар деҳаи Умараки Ҷамоати деҳоти Қалъаихум муҷассама ва Осорхонаи шоир Мӯъмин Қаноат низ дар ҳоли анҷомёбӣ қарор дорад", - омадааст дар иттилоия.
Дар феҳрасти ободкориҳои дигар дар ин ноҳия кушодашавии роҳи байналмилалии мошингарди Кӯлоб-Қалъаихум, қитъаи шоҳроҳи Шкев - Қалъаихум ва дар марҳилаи ифтитоҳ қарор доштани аввалин нақби мошингузар дар ноҳияи Дарвоз зикр гардидаст.
Таъкид шудаст, ки то 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз 103 иншоот бунёд гарданд, ки 11 адади он аллакай ба истифода дода шудаст.