Мусодираи 336-миллиондолларии дороиҳои Гулнора Каримова аз сӯйи додгоҳи Швейтсария

Дороиҳои Гулнора Каримова дар Швейтсария, ки бояд мусодира ва ба Ӯзбекистон бозгардонида шаванд, 686 миллион долларро ташкил медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати адлияи Ӯзбекистон талош дорад, дороиҳои Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи ин кишварро аз бонкҳои Швейтсария ба кишвараш бозгардонад, иттилоъ додааст "Gazeta.uz" дар истинод ба Вазорати адлияи ин Ӯзбекистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран додгоҳе дар Швейтсария дар бораи мусодираи 336 миллион доллари Гулнора Каримова ҳукм содир кард.
Мақомоти ду кишвар аллакай дар бораи бозгардонидани 131 миллион доллар аз ин маблағ ба тавофуқ расиданд ва ҳоло барои бозгардонидани 205 миллион доллар музокира идома дорад.
Манбаъ хабар додааст, ки бозгардонидани 350 миллион доллари дигар ба тасмими додгоҳ бастагӣ дорад.
Дар маҷмуъ маблағи умумии дороиҳои Гулнора Каримова дар Швейтсария, ки бояд ҷамъоварӣ ва ба Узбакистон баргардонида шавад, 686 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Мавқеи Маскав дар мавриди ҳукми Гулнора Каримова маълум шуд
Моҳи июл додгоҳи истинофи Швейтсария шикояти вакилони мудофеъи Гулнора Каримоваро бо иттиҳоми гирифтани ришва қисман қонеъ кард.
Bloomberg дар мақолаи қайд кардааст, ки ҳукм метавонад ба ӯ дар барқарор кардани 303 миллион доллар маблағҳои мунҷамидшуда кумак намояд.
Музраф Икромов, муовини вазири адлияи ӯзбекистон зикр кардааст, ки Вазорати адлияи ин кишвар дар ин қазия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Швейтсария ҳамкорӣ дорад.
“Мурофиа хануз ба охир нарасидааст. Онҳо дар бораи пирӯзӣ ва дигар ҷанбаҳои қазия ҳарф мезананд, вале мурофиа то ҳол идома дорад”, - гуфт ӯ.