ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои бозсозии роҳ то шаҳри Роғун дастур додааст.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", дар пайи супориши раисҷумҳур, дар Роғун навсозии роҳи ҷумҳуриявии даромад ба шаҳр оғоз гардид.
Зикр шудааст, ки президент дар сафари ахираш ба сифати роҳ ба Роғун таваҷҷуҳ намуда, хостори бозсозии он шудааст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки роҳи ҷумҳуриявии даромади шаҳри Роғун аз роҳи байналмилалии Душанбе - Ваҳдат - Лахш шурӯъ шуда, то маркази шаҳри Роғун ва Неругоҳи барқи обии "Роғун" 11 километрро ташкил медиҳад.
"Роҳи мазкур дар даврони шӯравӣ аз бетон сохта шудааст, ки то ин давра хароб гардида, рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳри Роғун мушкил гардида буд", - омадааст дар иттилоия.
Дар марҳилаи аввали корҳои сохтмонии ин роҳ, аз бетоншиканӣ оғоз гардидаст, ки феълан муташаккилона идома дорад.
Муовини раиси шаҳри Роғун Парвина Мусозода, изҳор доштаст, ки мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр ҳалли худро ёфта, сабаби рушди инбаъдаи ин шаҳри стратегӣ мегардад.