Муҳоҷирон талаботи сохтмонҳои Русияро ба нерӯи корӣ қонеъ кардаанд

Дар бахши сохтмони давлатӣ ва сармоягузорӣ дар Русия дар давоми шаш моҳи ахир ширкатҳо бо нерӯи корӣ таъмин буда, дархости ҷалби коргарони иловагӣ накардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Пас аз лағви маҳдудиятҳои коронавирусӣ шумори муҳоҷирони корӣ дар Русия афзоиш ёфтааст.
Никита Стасишин, муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Русия дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС дар Форуми иқтисодии "Шарқ" гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия барои кор дар сохтмонҳо меоянд.
Вай афзуд, ки маоши бинокорон афзоиш ёфтааст ва ин яке аз сабабҳои аслии маҳбубияти касби сохтмончӣ барои русҳо низ шудааст.
30 соли дӯстии Тоҷикистону Русия
Дар Русия маркази омӯзишии пеш аз муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз мешавад
"Агар мо тамоми ҳаҷми лоиҳаҳои сохтмонии давлатӣ ва сармоягузориро ба назар гирем, дар давоми шаш моҳи охир ҳич ширкати сохтмоние аз мо хоҳиш накардааст, ки нерӯҳои кории иловагиро бо ягон роҳу восита ба сохтусоз ҷазб кунем", - гуфт Стасишин.
Ба гуфтаи вай, баробари лағви маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи COVID-19 аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон афзоиши вуруди нерӯи корӣ ба қайд гирифта шудааст.
"Имрӯз маоши миёна дар сохтмон нисбат ба дигар соҳаҳо бештар аст. Бахусус агар сухан дар бораи кадрҳои соҳибтахассус равад", - таъкид кард муовини вазир.
Аз 5 то 8 сентябр дар Владивосток 7-умин Форуми иқтисодии "Шарқ" ҷараён дорад, ки мавзуи аслии он “Роҳ ба сӯйи ҷаҳони бисёрқутбӣ” мебошад. Форумро фонди "Росконгресс" ташкил кардааст.