ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати хориҷаи ҳукумати толибон ахиран бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия суҳбати телефонӣ кардааст, иттилоъ додааст Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи толибон.
“Вазири хориҷа ба ҳамтои русиаш ба хотири рӯйдоди ахир дар наздикии сафорати Русия дар Кобул таслият гуфт ва итминон дод, ки таҳқиқот ҳамаҷониба анҷом хоҳад шуд”, - навиштааст оқои Балхӣ дар сафҳаи твиттериаш.
Оқои муттақи дар ин суҳбат телефонӣ ҳамчунон таъкид доштааст, ки набояд иҷоза дода шавад, то душманон бар равобити наздик ва мусбати ду кишвар таъсири манфӣ бигзоранд.
Оқои Балхӣ таъкид дорад, ки Сергей Лавров низ дар ин суҳбат таслияти амиқи худ ба мардуми Афғонистон иброз дошт ва ин рӯйдодро кори созмонҳои "ҷинояткор" байналмилалӣ донист ва бар мубориза бо онҳо таъкид кард.
Гуфтанист, ки рӯзи душанбе (5 сентябр) инфиҷор наздикии сифорати Русия рух дод. Вазорати хориҷаи Русия тайид кард, ки дар муҷовирати вурудии бахши консулгарии сифорат ин инфиҷор ба вуқуъ пайвастааст.
Холиди Задрон, сухангӯии фармондиҳии амниятии толибон эълом кард, ки як муҳоҷими интиҳорӣ дар наздикии сифорати Русия дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Кобул, ки мехост худро миёни ҷамъият мунфаҷир кунад, қабл аз расидан ба мақсад, тавассути неруҳои амниятии толибони ҳадаф қарор гирифт ва маводи инфиҷории ҳамроҳашро тарконд.
Ӯ ҳамчунон изҳор дошт, ки дар ин рӯйдод барасоси охирин ҷузъиёт чаҳор шаҳрванди Афғонистон ва ду корманди сифорати Русияи кушта шудаанд.
Қобил зикр аст, ки ин инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки донишҷӯён барои дарёфт визаи таҳсилиашон ба сифорати Русия рафта буданд.