Эрдуғон аз нақшаҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ гуфт

Раиҷумҳури Туркия иштироки ҳайати кишварашро дар мулоқоти сарони кишварҳоии узв ва нозирону шарикони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ҳадафи иштирокаш дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхайро тавзеҳ дод.
Ӯ зимни ҷаласаи кабинаи вазирони кишвараш зикр намудаст, ки ба мулоқоти қарибулвуқӯи кишварҳои узв дар Ӯзбекистон меравад, хабар додаст РИА "Новости" бо такя ба ожонси туркии "Anadolu".
"Дар ин мулоқот ҳайати кишвар ба ҷустуҷӯи роҳҳои рушди ҳуқуқу манфиатҳои Туркия дар Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ машғул хоҳад шуд", - таъкид намудаст Эрдуғон.
Вай аз таҳкими мавқеи Туркия дар бахшҳои гуногун дар минтақа зикр намуда, таъкид намудааст, ки ҳар имконро бояд истифода бурд.
Нишасти сарони СҲШ рӯзҳои 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад. Дар ин нишаст сарони кишварҳои узви ин созмон тасмим гирифтаанд, ки 28 санадро қабул кунанд.
Барномаи кории Путин дар ҳамоиши президентҳо дар Самарқанд маълум шуд
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.