ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Ин кишварҳо шомили ҷамоҳире аз қабили Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Ҳиндустон, Эрон, Булғористон, Беларус, Туркия, Баҳрайн ва Молдив мешаванд.
Нарзулло Латифов, шореҳи шинохта, Раиси Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон бо эълони ин шумори футболбозони тоҷик дар хориҷ аз кишвар гуфт, ҷазби бозигарони тоҷик аз тарафи бошгоҳҳои Аврупов ва Осиё то рафт бештар мешавад.
Вай гуфт, аз ҳама бештар – чаҳор нафарашон – аъзои бошгоҳҳои футболи Ӯзбекистон мебошанд. Зоир Ҷӯрабоев дар “Сурхон”-и Тирмиз, Давронҷон Эргашев дар “Бунёдкор”-и Тошканд, Манучеҳр Сафаров дар “Локомотив”-и Тошканд ва Алишер Ҷалилов дар АГМК-и Олмалиқ ҳунари худро намоиш медиҳанд.
Се бозигари тоҷик узви бошгоҳҳи футболи Эронанд: Ваҳдат Ҳанонов (“Персеполис”-и Теҳрон), Эҳсони Панҷшанбе (“Зоб Аҳан”-и Исфаҳон), Шериддин Бобоев (“Нафт”-и Ободон).
Боз се нафари дигар шарафи бошгоҳҳои футболи Ҳиндустонро ҳимоя мекунанд: Нуриддин Давронов (“Муҳаммадан”-и Калкутта), Комрон Турсунов (“Трау”-и Импҳали Ғарбӣ), Далер Ёдгоров (“Гокулам Керала”).
Инчунин дар бошгоҳҳои футоли Беларус низ се намояндаи Тоҷикистон ҳастанд: Шаҳром Самиев (“Ислочи”-и Минск), Муҳаммадшарифи Саидхоҷа (“Шахтёр”-и Солигорск), Абдуфаттоҳ Худойдодзода (“Динамо”-и Брест).
Ду нафар - Меҳрубон Каримов ва Кабир Салимшоев - дар бошгоҳи футболи “Динамо-Авто”-и Тирасполи Молдова бозӣ мекунанд.
Инчунин Парвиз Умарбоев дар Булғористон (КМВА София 1948), Амирбек Ҷӯрабоев дар Филиппин (“Юнайтед Сити”), Ҳамадонӣ Камолов дар Испания (“Паракуелос Антамире”) ва Хусрав Тоиров дар Қазоқистон (“Атирау”) ҳунарварӣ менамоянд.
Ҳамчунин боз якчанд дастпарварони футболи тоҷик, ба монанди Алиҷон Айнӣ дар Краснодари Русия, Муродалӣ Ҳақназаров дар Туркия, Рустам Соиров дар Эстония, Нозим Бобочонов дар Баҳрайн, Ҷамолиддин Зардиев дар Молдив бозӣ мекунанд.
Нарзулло Латифов илова кард, ки бештари футболбозони тоҷик, ки ҳоло дар бошгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон мебошанд ва дар мавриди зарурат ба ҳайати тими миллӣ даъват карда мешаванд.