ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Аз аввали сол воридоти худрав аз хориҷ ба Тоҷикистон 16,5 дарсад афзудааст, иттилоъ додааст хадамоти гумурки кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, маблағи воридот нақлиёт дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 221,9 миллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,5 дарсад зиёдтар будааст.
Аммо дар бораи шумори дақиқи воридоти нақлиёт гуфта нашудааст.
Тибқи иттилои омори дар бозори фурӯши нақлиёти дохилии Тоҷикистон ба маблағи 480,5 миллион сомонӣ мошин фурӯхта шудааст.
Инчунин мақомот аз содироти нақлиёт низ хабар медиҳад. Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон содироти худрав ба хориҷ аз кишвар 5,1 миллион долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 дарсад коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурӣ танҳо истеҳсоли автобусҳои мусофирбар ва тракторҳо барои бахши кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст.
Аксари худравҳое, ки ба бозорҳои фурӯши Тоҷикистон аз кишварҳои Аврупо ва Амароти мутттаҳидаи Араб ворид карда мешаванд.