Қалъаи қадима дар Кӯлоб барқарор мешавад

Шаҳри Кӯлоб чун яке аз шаҳрҳои қадимии суннатии тоҷикон дар тӯли таърихи 2700-солаи худ борҳо бозсозӣ гашта, тарҳи он тағйироти куллӣ дидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Барқарорсозии қалъаи бостонии шаҳри Кӯлоб дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон сурат гирифта истодааст.
Ба иттилои мақомоти Кӯлоб, то арафаи ҷашни мазкур бунёди 462 адад иншооти гуногун дар назар аст. Таъкид шудаст, ки феълан дар зиёда аз 100 иншооти шаҳр корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар ин феҳраст аз сохтмони қалъаи Кӯлоб зикр шуд, ки дар шафати маҷмааи 2700-солагии шаҳри мазкур ва Осорхонаи таъриху кишваршиносӣ бунёд гардида истодааст.
Дуохонии Раҳмон ва Мирзиёев дар масҷиди Хева ва боздидашон аз қалъа - акс
Худойдод Зуҳуров, масъули Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо изҳор доштааст, ки барои анҷоми муваффақонаи корҳои сохтмонӣ беҳтарин ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бо мутахассисони варзида ҷалб карда шудаанд.
"Дар айни замон беш аз 60 нафар коргарон ба корҳои андоваю оҳану бетонӣ ва бунёди деворҳои қалъа машғуланд. Коргарон аз маҳсулоти босифати сохтмонӣ ва техникаи соҳавӣ васеъ истифода мебаранд", - таъкид кардаст Зуҳуров.
Ӯ илова намудааст, ки мутахассисони фармоишгар, ки Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад, ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва сифати онро назорат мебаранд.
Зикр гардидаст, ки бозсозии ин қалъа дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги сокинони ин минтақа нақши муҳим хоҳад дошт.