Ҳушдори толибон ба Пентагон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ

Намояндаи ҳукумати толибон парвози паҳподҳои амрикоиро дар ҳарими ҳавоии Афғонистон иқдоми таҷовузкорона хонда, дар бораи пайомадҳои он ҳушдор дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Паҳподҳои Амрико ҳамчунон дар ҳарими ҳавоии Афғонистон гаштзанӣ мекунанд ва бояд ба ин кор поён диҳанд, гуфт Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибон, итилоъ додааст бахши дарии "Порс тудэй".
Вай илова кард дар сурати поён надодани ин кор ҳукумати толибон ин иқдомро таҷовуз бар Афғонистон мехонад.
Вай афзуд ин парвозҳо бояд мутаваққиф шавад.
Муҷоҳид таъкид кард, ки Амрико ва дунё бояд ба ҳуқуқи маруди Афғонистон эҳтиром бигузоранд.
Толибҳо гуфтанд, бесарнишинҳои амрикоӣ аз куҷо вориди Афғонистон мешаванд
Сухангӯи толибон мегӯяд, парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар фазои Афғонистон хилофи муоҳидаи Чикаго ва дигар конвенсияҳои ҷаҳонӣ аст ва дар айни ҳол нақзи ошкорои ҳарими ҳавоии Афғонистон низ аст.
Идомаи парвозҳои паҳподҳои амрикоӣ дар осмони Афғонистон дар ҳоле идома дорад, ки ин кишвар ахиран бидуни огоҳӣ ва ё ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон як манзили маскунии холӣ аз сокинонро дар минтақаи Шерпури Кобул бо паҳпод ҳадаф қарор дод.
Сипас аз он Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико иддаои кушта шудани Айман Завоҳирӣ, раҳбари “Алқоида”* дар ин ҳамларо матраҳ кард.
*-гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистону Русия