ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат Кумитаи махсус барои ташкили мулоқоти роҳбарони давлатҳои минтақа дар Душанберо таъсис додааст.
Бар асоси қарор, мулоқоти 5-уми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Мулоқоти мазкур рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2023 дар назар аст, аммо омодагиҳо барои баргузорӣ ва таҳияи барномаи он дар Тоҷикистон аллакай оғоз шудааст. Дастур шудааст, ки хароҷоти баргузории ин чорабиниҳо ҳисоб ва аз буҷаи давлат таъмин карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал моҳи январи соли 1993 бо қарори роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, муассисони он Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд. Мулоқоти машваратӣ низ роҳбарони давлатҳои зикршударо дар бар мегирад.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад. Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд ва имсол ин дидори сарони давлатҳои минтақа дар Қирғизистон баргузор шуд.
Мавзуъҳои мулоқоти мазкур фарох буда, аз сиёсат то тиҷорат ва фарҳангу сайёҳатро фаро мегирад.