Шикаст аз Эрон: анҷоми бозии дуюми наврасони тоҷик дар Тошканд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - "U-16" дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон боз шикаст хӯрд. Рақиби навбатии наврасони тоҷик тими мизбон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Дар ин бора Федератсияи футболои Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон, Беҳрӯз Хӯҷаев вориди дарвозаи тими Эрон кард. Аз ҳайати тими Эрон, Ризо Гандипур ду голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд.
Мунтахаби наврасони Ӯзбекистон - "U-16" дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов бар тими Ҷопон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Дастаи Тоҷикистон дар даври аввали ин мусобиқа аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.
Футболбози тоҷик гаронтарин легионер дар бошгоҳи эронӣ шуд
Тими наврасони эронӣ дар даври аввал бозиро бо ҳайати мизбон мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд.
Дар даври ниҳоӣ рӯзи 27-уми август мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Ӯзбекистон вориди майдон мешаванд. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Тошканд баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мешавад.
Дар доираи даври сеюми мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов байни дастаҳои наврасони то 16-сола инчунин тими Ҷопон бо Эрон вориди майдон мешавад.
Сабқати мазкур тибқи низоми даврӣ баргузор шуда, тими ғолиб бар асоси ҷамъбасти холҳо муайян карда мешавад.