ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Ҳукумати толибон талош дорад, масоили марзиро бо ҳамсоягонаш бо музокира ҳал намояд, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ дар истинод ба Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати толибҳо.
“Мо талош кардем, масоили ҷузъӣ дар марзҳо ба мушкилоти бузургтар табдил нашаванд ва кишварҳои ҳамсоя низ бо ин масоил бо хунсардӣ бархӯрд кардаанд ва рафтори онҳо мантиқӣ будааст”, - гуфт Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.
Вай афзуд, лозим аст, масоили марзӣ ба сурати асосӣ ҳал шавад, "то даргири мушкилот нашавем".
Дар ҳамин ҳол оқои Муҷоҳид боз шудани садди Камолхонро ба рӯйи Эрон таъйид кард.
Сухангӯи толибҳо дар бахши дигаре аз суханонаш боз шудани даричаҳои садди Камолхонро дар пайи селобҳои ахир таъйид ва тасреҳ кард, дар ин авохир, ки боронгариҳо афзоиш ёфтааст, тақозои мардуми Нимрӯз ҳам боз шудани ин сад буд, ки ҳам мардуми Нимрӯз ва ҳам мардуми Эрон аз он баҳраманд шаванд.
“Мо ба муоҳидаи ҳаққи оби Ҳирманд, ки дар соли 1351 байни Эрону Афғонистони имзо шудааст, пойбанд ҳастем”, - афзуд Муҷоҳид.
Инчунин ин мақоми аршади ҳукумати толибҳо аз тамдид нашудани маофияти сафарҳои мақомоти ин гурӯҳ интиқод кард ва афзуд, набояд аз СММ истифодаи абзорӣ шавад.
“Мо хостори тафоҳум ҳастем ва замоне бо кишварҳои дунё метавонем зиндагӣ кунем, ки таҳти фишор қарор нагирем”, – қайд кард сухангӯи толибҳо.
Муҷоҳид таъкид кард, ки тамдид нашудани маофияти сафарҳои мақомоти толибон пайомадҳои ногуворе барои мардуми Афғонистон хоҳад дошт ва масъулияти он бар уҳдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Вай ҳамчунин бо ишора ба интишори хабарҳое аз гаштзании ҳавопаймоҳои бесарнишин дар осмони Афғонистон гуфт, ин ҳавопаймоҳо мутааллиқ ба Амрикоанд ва толибҳо дар ин маврид гуфтугӯ мекунанд.