ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда ва раиси ноҳияи Рӯдакӣ Азизулло Исматзода бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардиданд, иттилоъ додааст Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Ба иттилои Комиссияи марказӣ, имрӯз таҳти роҳбарии Раиси КМИР Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон” ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бораи интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии болозикр салоҳиятнок ҳисобида шуд”, - қайд кардааст КМИР.
Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.