Маълум шуд, ки чӣ гуна Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро ҷашн мегирад

Дар кишвар барои таҷлили яке аз идҳои аслии худ омодагӣ мебинанд: 9 сентябр дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни оммавӣ баргузор мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон рӯзи истиқлолашро бо барномаи густурдаи фарҳангиву фароғатӣ таҷлил мекунад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 9 сентябр дар саросари кишвар ҳамоишҳо ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд.
Сокинону меҳмонони маҳаллӣ метавонанд дар ҷашнҳои оммавӣ ва консертҳо дар боғҳо ва хиёбонҳо ширкат кунанд.
Аз соати 9-00 то 11.00 ва аз 16.00 то 18.00 ба вақти маҳаллӣ дар гӯшаву канори Душанбе ҳунармандони маъруфи халқӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тарғиби истиқлолу озодӣ: ҳукумат нақшаи то соли 2026-ро тасдиқ кард
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 Тоҷикистон 31-умин солгарди истиқлолашро таҷлил мекунад. Чун қоида, дар ин рӯз сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардум бо сухани идона муроҷиат мекунад.
Президенти кишвар шаҳрвандонро табрик гуфта, рушди ҷумҳуриро ҷамъбаст мекунад. Раҳмон ҳамчунин табрикоти сарони кишварҳои ИДМ-ро қабул карда, афроди арсаҳои мухталифи ҷомеаборо медалу унвонҳои фахрӣ сарфароз мегардонад.
Чун қоида, 9 сентябр дар Тоҷикистон рӯзи ғайрикорӣ аст. Дар тамоми мамлакат чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ гузаронда мешаванд. Душанбе дар ин рӯз ба маркази ҷашнҳои расмӣ табдил меёбад.
Дар рафти таҷлили ид дар майдони марказии "Дӯстӣ" гузашти низомиву роҳпаймоиҳо бо ширкати шаҳрвандони касбу кори гуногун, донишҷӯён ва мактаббачагон доир мешавад.
Шоми ҳамон рӯз намоиши ҳатмии оммавии театрӣ бахшида ба ташакили давлатдории тоҷикон баргузор мешавад, ки бо оташбозӣ ба охир мерасад.
Кумитаи меъморӣ гуфт, бинои нави парлумон ва боғи "Истиқлол" кай ба истифода дода мешавад
Дар тамоми шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон сокинон Рӯзи истиқлолро бо тантанаҳои оммавӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат таҷлил мекунанд.
Дар ҳама ҷо барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ доир мешавад, ки тамошои он барои сокинон ройгон сурат мегирад.
Иди асосии давлатиро на танҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, балки дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон, ки тоҷикон зиндагӣ мекунанд, таҷлил мегардад.