ДУШАНБЕ, 24 август — Sputnik. Нақшаи дастгирии ҳамкориҳои иқтисодии дохилиминтақаӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2022-2027 қабул гардид.
Дар ин бора дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои Ассотсиатсияи байнибонкии ташкилотҳо, ки таҳти раёсати Бонки миллӣ дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, қарор қабул шуд.
Маълум аст, ки бонкҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай санади ҳамкориҳои бонкӣ барои панҷсолаи ояндаро аллакай қабул кардаанд. Инчунин Шӯро нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзоро тасдиқ намудаст.
Таъкид гардидаст, ки вуруди ҳуҷҷатҳои имзошуда ба эъломия дар натиҷаи нишасти сарони СҲШ дар рӯзи 16 сентябр таъйид гардид.
Тавзеҳ дода шудаст, ки асноди мазкур барои дастгирии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат тарҳрезӣ шудаанд ва принсипҳои ҳамкории бонкҳои кишварҳои узви СҲШ-ро муайян мекунанд.
"Ин санадҳо барои ҳавасмандгардонии афзоиши гардиши молӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ байни бонкҳои узв шароити мусоид фароҳам хоҳанд овард", - таъкид намудаст Бонки миллии Ӯзбекистон.
Илова бар ин, созишҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохтории ояндадор дар қаламрави СҲШ, инчунин рушди ҳамкориҳои саноатӣ байни кишварҳои узви ин созмон нигаронида шудааст.