ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия ҳангоми сафар тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба Тоҷикистонро боз ҳатмӣ карданд, иттилоъ додааст Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тасмими судури қарори мазкур аз сӯйи Ситоди ҷумҳуриявӣ барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон гирифта шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ расондаанд, ки қарори мазкур ба хотири афзоиш ёфтани гирифторӣ ба бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба тасвиб расидааст.
Ҳамзамон манбаъ ба шаҳрвандоне, ки аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ парвоз менамоянд, хабар додааст, ки ҳар як давлат аз рӯи талаботи худ ҷиҳати пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ дар бораи бемории сироятии COVID-19 (ПСР-тест) ва ё шаҳодатномаи ваксинатсия талаботи худро ҷорӣ намудааст.
“Вобаста ба масъалаи мазкур шаҳрвандон метавонанд, ки ҳангоми хариди чиптаи ҳавопаймоӣ аз нуқтаҳои чиптафурӯшӣ маълумот дастрас намоянд”, - қайд кардааст Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон.
Зикр шудааст, ки ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои беҳдоштии болозикрро бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 муваққатан роҳандозӣ кардааст ва бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии мазкур қарори мазкур аз байн бурда мешавад.