Оғози омодагиҳо ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон баргузории ҷаласаҳо барои баррасии омодагӣ ба даъвати навбатии тирамоҳии наваскарон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Масъулини вилояти Суғд дастур гирифтанд, ки маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбиро сари вақт иҷро намоянд.
Ин нуктаро муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, зимни мулоқот бо масъулини мақомот дар ноҳияи Мастчоҳ баён дошт.
Зоҳидзода ҳамчунин аз мақомдорон иҷрои қарори раиси вилоят "Дар бораи гузаронидани омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022" пурсон шуд.
"Дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳо ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват миёни аҳолӣ кор баранд", - омадааст дар иттилоия.
Пешниҳоди ҷазо барои дурӯғпароканӣ дар бораи артиш: ҳабс ё то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима
Ин дар ҳолест, ки ахиран генерал Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон гуфт, дар ҷумҳурӣ ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ аз талаботи қувваҳои мусаллаҳ ба маротиб зиёд аст.
Вазири мудофиа дастур дод, ки аз байни ҷавонони ҳамаи табақаҳои аҳолии кишвар, беҳтаринҳо интихоб ва ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шаванд.
Вазир бо зикри таҷрибаи даъватҳои гузашта изҳор дошт, ки бо вуҷуди иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон дар бархе шаҳру навоҳӣ дар натиҷаи беэътиноӣ зоҳир намудани масъулин мушкилиҳои ҷиддӣ низ ба назар мерасанд.
Ӯ муҳим хонд, ки дар маъракаи даъвати наваскарон ҳамкории густурда бо аҳолӣ роҳандозӣ шавад. Генерал ҳамчунин муҳим хондааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти шаҳриву ноҳиявӣ ба омӯзиши шахсияти даъватшавандаҳо таваҷҷуҳ шавад.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр амалӣ мешавад.