ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бо баргузориши размоишҳо дар Тоҷикистон аҳдофи амалиётияшро меомӯзад, мегӯяд, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия.
"Мехоҳам ба шарикони худ хотиррасон кунам, ки амрикоиҳо ба чунин рӯйдодҳо, пеш аз ҳама барои омӯзиши театри эҳтимолии амалиёт, мушаххас кардани координатҳои ҳадафҳои ояндадор ва дуруст кардани харитаҳои рақамии аслиҳаи дақиқзан ниёз доранд", - гуфт ӯ.
Ӯ қаблан зимни мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд низ баён дошт, ки Русия размоиши амрикоиҳо дар Тоҷикистонро чун талоши Вашингтон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатии низомӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, размоиши "Ҳамкории минтақаӣ-2022" бо иштироки ИМА дар қаламрави Тоҷикистон талоши навбатӣ барои ташкили пойгоҳ дар канори Афғонистон мебошад.
"Вашингтон чун пештара талоши созиш бо ҳамсояҳои Афғонистон барои ташкили инфрасохтори гӯё муваққатӣ бо ҳадафи муборизаи зиддитеррористиро дорад", - изҳор дошт вай.
Ёдовар мешавем, ки ширкаткунандагони машқҳои низомии "Ҳамкории минтақавӣ- 2022” ба ҷуз ИМА ва Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон ва Муғулистон низ буданд.
Бо назардошти он ки Пентагон ҳадафи мушаххаси машқҳоро номбар накарда, танҳо бо ибораҳои умумӣ маҳдуд аст, як қатор коршиносон тахмин мезананд, ки ин танҳо як шакли пӯшидаи ҷосусӣ аст.