ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон - "U-16" дар варзишгоҳи Академияи "Бунёдкор"-и Ӯзбекистон бо мунтахаби наврасони Ҷопон вориди майдон мешавад. Бозӣ 23 август баргузор мешавад, хабар дод телевизиони "Варзиш".
Ба итилои манбаъ, ин нахустин бозии тими Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббии нав Раҳматулло Фузайлов дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи собиқ президенти Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон Мираброр Усмонов мебошад.
Таъкид шудааст, ки дар мусобиқаи гиромидошти хотираи Усмонов, ки то 27 август дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, тимҳои наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Ҷопон ширкат мекунанд.
"Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Бар асоси ҷадвали мусобиқа, наврасони Тоҷикистон бо тими Эрон рӯзи 25 август ва тими мизбон - Ӯзбекистон рӯзи 27 август вориди майдон хоҳанд шуд.
Ширкат дар мусобиқаи мазкур барои наврасони Тоҷикистон марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад, ки дар гурӯҳи "Н" бозӣ мекунад.
Гуруҳ дар баробари Тоҷикистон инчунин тимҳои наврасони Афғонистон, Тимори Шарқӣ ва Муғулистонро шомил буда, бозиҳои интихобӣ дар он аз 5 то 9 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.