ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Тоҷикистон дар садри кишварҳои воридкунандаи семент ба Ӯзбекистон қарор гирифтааст, хабар дод Кумитаи давлатии омори ҶӮ.
Ба иттилои манбаъ, аз январ то июли соли равон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 533 ҳазор тон семент ворид карда шудааст. Дар маҷмуъ тайи 7 моҳ Ӯзбекистон 1,3 млн тон семент ба маблағи 52,5 млн доллар харид кардааст.
Ба Ӯзбекистон инчунин аз Қирғизистон - 385 ҳазор тон, Қазоқистон - 353 ҳазор тон, Туркманистон - 11,5 ҳазор тон, Эрон - 6,7 ҳазор тон, Чин - 1,4 ҳазор тон, Русия - 782 тон семент ворид карда шудаст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон тавлиди сементро дар нимсолаи аввали соли равон коҳиш дод. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ки қаблан расонаӣ шуд, дар нимсолаи аввал 2 млн тон семент тавлид карда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 157 ҳазор тон кам аст.
Зикр шудаст, ки Тоҷикистон дар 6 моҳи аввал беш аз 677 ҳазор тон семент ба маблағи қариб 21 млн доллар ба хориҷ содир кардааст, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 10% бештар аст.
Саҳми семент дар маҷмӯи содироти Тоҷикистон ҳамагӣ 2%-ро ташкил додаст.
Масолеҳи сохтмонии тавлиди Тоҷикистон, аз ҷумла сементро асосан кишварҳои ҳамсоя - Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра харидорӣ мекунанд.