ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Кремл хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумлаи мавзуъҳои марказии суҳбат рушди шарикии ҷонибҳо ва омодагӣ ба мулоқоти қарибулвуқӯи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай - СҲШ буданд.
Тафсилоти дигари суҳбати президентҳо, ки бори дуюм дар ҳафтаи охир сурат мегирад, оварда нашудааст.
Қаблан президентҳои Русия ва Ӯзбекистон рӯзи 16 август суҳбати телефонӣ анҷом дода буданд. Онҳо аз ҷумла омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ-ро баррасӣ карда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки мулоқоти роҳбарони кишварҳои узви СҲШ 16 сентябр дар нақша аст. Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Ӯзбекистон иттилоъ дода буд, ки дар доираи ин ҳамоиш қабули 28 санади байналмилалӣ дар назар аст.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.