Марг дар сафар: эълони рӯзи мотами миллӣ дар Қирғизистон

Маргу ҷароҳати шаҳрвандони Қирғизистонро дар садамаи даҳшатбори нақлиётӣ дар вилояти Уляновск раисҷумҳури ҶҚ мотам барои тамоми мардум хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон дар робита ба марги ҳамватанонаш дар садама дар вилояти Улянов мотами миллӣ эълон кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, ки дар ин робита Ҷабборов ба мардум бо як муроҷиатнома хитоб кард.
Президент дар паёмаш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва маҷрӯҳшудагон дар садамаи вилояти Уляновск изҳори ҳамдардӣ кардаст.

"Ин фоҷиа як андӯҳи бузург барои тамоми мардуми мост. Ба пайвандони ҳалокшудагон ва қурбониён ҳатман кумак расонида мешавад. Ин масъала таҳти назорати шахсии ман аст", - гуфт Содир Ҷабборов.

Рӯзи якшанбеи 21 август дар пайи садама дар роҳи вилояти Уляновск бо иштироки мошини боркаш ва автобуси мусофирбар, 16 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷасади 14 муҳоҷири ҳалокшуда дар садамаро ба Ватан бо ҳавопаймои махсус интиқол медиҳанд
Аз маҷруҳшудагон низ шаҳрвандони Қирғизистон ном бурда шуда, ҳолашон вазнин арзёбӣ мегардад. Бархӯрди мошини боркаш бо автобуси хурди мусофирбар замоне рух додаст, ки мошини ҳомили мусофирон дар навбат барои роҳи риверсӣ истода будаст.
Таъкид мешавад, ки мошини боркаш саривақт наистод ва дар натиҷа мусофирбар дар байни ду мошини борбар пачақ шудаст. Сабаби ин ҳодисаи нохушро Раёсати ВУД дар ноҳияи Уляновский ба ноуҳдабаро ронандаи боркаш рабт дод.
Феълан Кумитаи тафтишотии Русия аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.