ДУШАНБЕ, 17 авг – Sputnik. Мубина Хоҷаева, директори мактаби муосири Русия дар Хуҷанд таъйин шуд.
Ин профессори соҳаи педагогика то ин замон муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.
Ин таъйиноти кадрӣ бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо вазорати маорифи Русия сурат гирифтааст.
Директори мактаби муосири Русия дар Хуҷанд таъйин шудани Мубина Хоҷаеваро манобеи Sputnik Тоҷикистон аз Раёсати Вазорати маориф дар Суғд ба тасдиқ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, хонум Хоҷоаева дар ҷаласае, ки рӯзи 15 август бо ҳузур намояндагони боломақоми маорифи вилоят дар толори гимназияи № 1-и Хуҷанд баргузор гардид, раҳбари мактаби муосири Русия дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ карда шуд.
Хоҷаева, директори мактаби Русия дар Хуҷанд кист?
Ходҷаева Мубинахон Ҷалоловна санаи 16 феврали соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (собиқ Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров) мебошад.
Ӯ соли 1990 фаъолияти меҳнатии худро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус дар гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2014 дар мактабу омӯзишгоҳ ва донишгоҳи Хуҷанд дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Дар соли 2014 бо фармоиши Вазири маориф ва илми Тоҷикистон муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъйин гардид.
Ӯ соли 2001 унвони номзади илмҳои педагогиро дарёфт карда, соли 2009 рисолаи докторияро ҳимоя намуда, худи ҳамин сол унвони профессориро низ соҳиб шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри кишвар - Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар идома дошта, ҳар кадоми онҳо тавони қабули беш аз 1200 хонандаро дорад.
Гуфта мешавад, Русия барои сохтмони ин мактабҳо 150 миллион доллар маблағ ихтисос додааст.
Сохтмони мактабҳои нав аз ҷониби Русия то поёни соли ҷорӣ ба анҷом расида, забони тадриси он русӣ буда шароити қабули худро барои довталабон дорад.