ДУШАНБЕ, 14 авг – Sputnik. ИМА тадриҷан назоратро аз болои зуд тағйир ёфтани тартиботи ҷаҳонӣ аз даст медиҳад, навиштааст Ҷеймс Лӣ, рӯзноманигори маҷалаи бритониёӣ “Express”.
Тавре муаллиф қайд кардааст, Иёлоти Муттаҳида дорои бузургтарин иқтисод ва низомӣ ҷаҳонӣ аст, аммо коршиносон мутмаинанд, ки боди тағйирот дар сиёсати ҷаҳонӣ дар ҳоле мевазад, ки дигар кишварҳо ба қудрат расиданд ва Вашингтонро аз саҳна дур кардаанд.
"Бидуни шубҳа, Чин ба абарқудрати навбатӣ табдил хоҳад ёфт ва эҳтимолан ҷаҳонро бо сохти як тартиботи нави дуқутбаи ҷаҳонӣ, ки аз замони Ҷанги сард дида нашудааст, мерасонад",- гуфт Лӣ.
Ба андешаи ӯ, давлатҳо нуфузи худро аз даст медиҳанд. Ин ҳам далели он аст, ки Вашингтон натавонистааст масъалаи Украинаро бо Маскав бо роҳи дипломатӣ ҳал кунад.
Рӯзноманигор ёдрас шудааст, ки дар Шарқи Наздик, ИМА низ назоратро аз даст дода, ва ҷойи онро рақибон мегиранд.
Дар давраҳои душвор - роҳбарият калиди тавонманди аст, аммо роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден салоҳият ва эътибори пешгузаштагони худро барои ҳалли мушкилот надорад, хулоса кардааст рӯзноманигор.