ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Доллар ба унвони пули захиравӣ ҷойгоҳҳашро дар ҷаҳон аз додааст ва ин мавқеъро аксари кишварҳои курраи замин таъйид мекунанд
“Ҳисоббаробариҳо бо асъорҳои миллӣ миёни Русия ва Туркия ҳадаф надорад, ки мо чизе аз ҷумла долларро байн мебарем”, - гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Қаблан Александр Новак, муовини нахуствазири Русия, пас аз мулоқоти Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳурҳои Русия ва Туркия ба хабарнигорон гуфта буд, ки раҳбарони ду кишвар тавофуқ кардаанд, ки пардохти интиқоли гази Русия ба Туркия қисман бо рубли русӣ сурат мегирад.
"Аз афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ бо кишварҳои мухталиф ҳадафи даст кашидани чизе нест, аз ҷумла, даст кашидани доллар. Доллар пули боэътимоди захиравӣ буданашро аз даст дод ва ин тарсҳо ҳоло ҳам аз ҷониби кишварҳои ҳамсуд ва дигар кишварҳо зиёд аст”, - таъкид кард оқои Пеской.
Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки мутаассифона Амрико бо амали худ эътимоди мардум ба долларо кам кард, бинобар ин, табиист, ки аксари кишварҳо имкони коҳиш додани ҳиссаи долларро дар гардиши савдои худ ва афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллиро афзоиш медиҳанд.
“Дар муносибатҳои мо бо Туркия низ ҳамин раванд ҷараён дорад", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи раисиҷумҳури Русия ёдовар шуд, ки бо Туркия дар мавриди пардохти як қисми гази интиқолшуда бо рубл тавофуқ ҳосил шудааст.
Вай илова кард, ки умедворем, ки ҳиссаи истифодаи пули миллӣ минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт.