ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия баъд аз бозгашташ аз Сочӣ гуфт, ҳамтои русаш Владимир Путин ӯро моҳи сентябр ба нишасти СҲШ, ки қарор аст дар Ӯзбакистон баргузор шавад, даъват кардааст.
Ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор мешавад.
"Моҳи сентябр дар Ӯзбекистон мулоқоти панҷгонаи Шанхай баргузор мешавад. Зимни мулоқоти мо (дар Сочи) ҷаноби Путин низ пурсид: агар имкон бошад, дар ин нишаст умедворам ширкат кунед. Вай гуфт, намояндагони Чин, Арабистони Саудӣ ва Қатар меоянд. Мо талош хоҳем кард, ки бо онҳо бошем”, - гуфт Эрдуғон.
Роҳбари Туркия изҳори умедворӣ кард, ки дар ин ҷаласа хоҳад буд, агар ягон рӯйдоди фавқулоддае набошад.
СҲШ як созмони байнулмилалӣ аст, ки соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Кишварҳои нозир дар СҲШ Афғонистон, Беларус ва Муғулистон, ҳамзамон кишварҳои шарики Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка мебошанд.
Ҳоло ба СҲШ ҳашт кишвар – Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Покистон ва Ӯзбекистон шомиланд.