Тасдиқи нақшаи мактабсозӣ дар шароити афзоиши аҳолии Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми 4 соли оянда садҳо мактаб бунёд кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. То соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода хоҳанд шуд, хабар дод Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бунёди ин миқдор мактаб бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар назар аст.
"Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар 6 моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд", - овардааст "Ховар" аз қавли Вазорат.
Дар шаҳри Душанбе то оғози соли нави таҳсил ифтитоҳи 11 муассисаи нав дар нақша аст.
Ба иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128,8 ҳазор омӯзгор фаъолият доранд.
Президент дарси сулҳро имсол дар куҷо мегузаронад?
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ дар пасманзари афзоиши аҳолӣ арзёбӣ кардаанд.
Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад, макотибро бунёд кунад.