ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Роҳбарони ин се кишвар азми худро барои идомаи ҳамкорӣ барои мубориза бо терроризм дар ҳамаи заминаҳо иброз кардаанд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Дар баёнияи муштараки руасои ҷумҳурии Эрон, Русия ва Туркия дар нишасти сеҷонибаи сарон дар чорчӯби раванди Остона омадааст, ки се кишвар (Эрон, Русия, Туркия) бар таъаҳуди худ ба ҳокимият, истиқлол, ваҳдат ва тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин ба аҳдоф ва усули маншури Миллали Муттаҳид таъкид ва тасреҳ карданд, ки ин усул бояд мавриди эҳтироми ҳамагон буда ва ҳеҷ иқдоме фориғ аз омилони он набояд ин усулро тазъиф намояд.
Ин баёния ҳамчунин, афзоиши ҳузур ва фаъолияти гурӯҳҳоии террористӣ ва гурӯҳҳои вобаста ба онҳоро бо номҳои гуногӯн дар манотиқи мухталифи Сурия, аз ҷумла ҳамалоте, ки таъсисоти ғайри низомиро ҳадаф қарор дода ва мунҷар ба талафоти ҷони бегуноҳон мешавад маҳкум ва бар зарурати иҷроӣ комили тамоми тамҳидоти марбут ба шимолӣ Сурия таъкид кард.
Путин, Раисӣ ва Эрдуғон зомини раванди Остона дар ин росто тамоми талошҳо барои эҷоди воқеъатҳои ҷадиди майдонӣ ба баҳонаи мубориза бо терроризм, аз ҷумла ибтикороти ғайрмашруъ худмухториро ғайри қобили қабул дониста, ва азми худро барои муқобила бо дастури корҳои ҷудоиталабона, ки бо ҳадафи тазъифи ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва низ таҳдид алайҳи амнияти миллии кишвраҳои ҳамсоя аз тариқи ҳамалот ва нуфӯзҳои фаромарзӣ сурат мегирадро иброз намуданд.
Эрон, Сурия ва Туркия ҳамчунин мухолифати худро бо тасаруф ва интиқоли ғайри қонунии нафт ва даромадҳои ҳосили аз фурӯши он, ки мутаъалиқ ба Сурия аст иброз карданд.
Дар ин баёния омадааст, сарони се кишвар бори дигар бар азми худ мабни бар тадовуми ҳамкориҳои ҷорӣ ба манзури нобудии ниҳоии тамоми афрод, гурӯҳҳо, ташакулҳо ва мавҷудиятҳои террористӣ таъкид карданд ва бар тибқи ҳуқуқи байнамиллалии башардустона, хостори муҳофизат аз ғайри низомиён ва зерсохтҳои ғаёри низомӣ шуданд.
Эрон, Русия ва Туркия тавофуқ карданд, ки талошҳои бештаре барои итминон аз оддисозии Идлиб ва атрофи он, аз ҷумла вазъияти инсонӣ сурат диҳанд.
Тарафайн нигаронии амиқи худро нисбат ба шароити инсонӣ дар Сурия иброз намуда ва кулияи таҳримҳои якҷониба, ки муғоир бо ҳуқуқи байналмиллалии башардустона ва маншури СММ ҳастанд, аз ҷумла иқдомоти табъизомез аз тариқи судури маъофиятҳо барои манотиқи хос, ки метавонад бо кумак ба дастуркорҳои ҷудоиталабона муҷиби таҷзияи ин кишвар гардадро мардуд донистанд.
Сарони секишвар зимни тасреҳ бар бархурдории паноҳҷӯён ва оворагони дохили аз ҳақи бозгашт ва ҳақи ҳимоят, бар лузуми тасҳили бозгашти довталабона ва эминона ба иқоматгоҳҳои аслии худ дар Сурия таъкид карданд.
Руасоиҷумҳури се кишвар зомини раванди Остона ҳамчунин тадовуми ҳамалоти низомии Исроил ба Сурия аз ҷумла ба зерсохтҳои ғайри низомиро маҳкум ва ин ҳамалотро ноқизи ҳуқуқи байналмиллал, ҳуқуқи байналмиллали башардустона ва ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва ҳамчунин бесубот кунанда ва ташдид кунандаи таниш дар минтақа талқӣ карданд.
Илова бар мавзӯъи Сурия, Раисӣ, Путин ва Эрдуғон бар қасди худ мабни ба тақвияти ҳамоҳангиҳои сеҷониба дар арсаҳои мухталиф ба манзури азоиши ҳамкориҳои муштараки сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтуми иҷлоси кишварҳои зомини раванди Остона бо мизбонии Теҳрон ва бо ҳузури руасои Эрон, Русия ва Туркия баргузор шуд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон раисҷумҳури Туркия ва Владимир Путин раисҷумҳури Русия бо ҳадафи ширкат дар нишасти раванди Остона вориди Теҳрон шуданд.