ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов аз Ӯзбекистон дидан мекунад. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, сафари Бердимуҳаммадов рӯзи 14 июл сурат мегирад.
Манбаъ меафзояд, сарони ду кишвар ҳамкориҳои минбаъдаи Ӯзбекистон ва Туркманистон, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва иқтидори нақлиётию транзити ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Илова бар ин, раисҷумҳурон лоиҳаҳои соҳаи обёриро низ дар меҳвари гуфтугӯ қарор медиҳанд. Интизор меравад, дар анҷоми сафар ҷонибҳо як бастаи санадҳоро ба тасвиб расонанд.
Котиботи президент мегӯяд, ки Бердимуҳаммадов аз шаҳри Самарқанд низ боздид хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Бердимуҳаммадови хурдӣ бо даъвати Путин ба Русия сафар карда буд.
Ин нахустин сафари расмии хориҷии ӯ пас аз ба қудрат расиданаш ба мақоми раҳбари Туркманистон буд.
Зимни мулоқот сарони давлатҳо маҷмӯи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Илова бар ин, раҳбари Русия ба ҳамтои худ дар бораи ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина иттилоъ додааст.
Путин ва Бердимуҳаммадов ҳамчунин Эъломияро дар бораи амиқтар кардани шарикии стратегӣ байни кишварҳо имзо карданд.