ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ аз вируси COVID - 19 хабар медиҳад.
Ин ниҳод мегӯяд, дар 24 соати ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ боз 477 ҳолати нави гирифторӣ ба вирус сабт гардид, дар ҳоле, ки як рӯз қабл ин рақам ба 416 нафар баробар буд.
Зимнан, манбаъ афзуда, ҳоло дар ин кишвар 2 510 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудаанд, аз ин миён 291 нафар дар бемористон ва 2 219 тани дигар дар шароити хона муолиҷа мегиранд.
Пизишкон вазъи тандурустии 14 маризро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд.
аврид ба зикр аст, ки вируси СOVID -19 феълан ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст, вале балели афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифторӣ ба ин марз дар кишварҳои ҳамсоя назорати санитарию эпидемиологӣ дар марз пурзӯр карда шуд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии ҶТ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар гузаргоҳҳо афроде, ки таби баланд доранд, мавриди назорати махсус қарор мегиранд.
"Маълумот дар бораи нафароне, ки осори беморӣ доранд, ба дармонгоҳҳои маҳалли истиқоматашон фиристода мешаванд ва онҳо таҳти назари табибон қарор хоҳанд гирифт", - таъкид намуд Ҷаъфаров.
Ӯ гуфт, ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст, балки танҳо чун дар гузашта зимни вуруди хориҷиён ба кишвар аз онҳо шаҳодатнома дар мавриди гирифтани ваксина тақозо хоҳад шуд.