ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон дар вокуниш ба тасмими Ҷо Байден, раисҷумҳур Амрикои мабни бар ҳазфи Афғонистон аз феҳристи муттаҳидони аслии ғайри узв дар НАТО эълом кард, ки ҳайати ҳукумати феълии Афғонистон аз ин иқдом нигарон нест, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар твииттери худ навишт, ки ин унвон барои Афғонистон "манфиат",-е надоштааст.
Оқои Муҷоҳид ҳамчунин афзуд, ки дар бист соли гузашта шаҳрвандон аз "ҳамин ноҳия мутазаррир шудаанд ва ҳеҷ хотираи хубе аз он надоранд".
Сухангӯи толибон дар идома тасреҳ кардааст, ки ин гурӯҳ дар бахшҳои дипломатик ва тиҷорӣ хоҳони равобити хуб, мусбату қобили эътимод бо кишварҳост.
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико аз конгресси ин кишвар хостааст ки Афғонистонро аз феҳристи "муттаҳиди аслии хориҷ аз НАТО" ҳазф кунад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми август, замоне ки ҷангҷӯёни “Толибон” дар паси дарвозаҳои Кобул истода буданд, кишварашро тарк кард.
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Заҳири Ағбар дар як нишасти матбуотӣ рафтори ӯро “хиёнат ба давлату миллат” номид ва иддао кард, ки “169 миллион доллари мардуми кишварро бо худ бурдааст”. Ӯ гуфт, Ғанӣ бояд боздошт шавад ва сарвати миллати Афғонистонро баргардонад.
Ашраф Ғанӣ дар паёме дар гуфта буд, “ман ҳеч чизе бо худ набурдаам. Берун овардани пул аз Афғонистон тавассути ман дурӯғ аст. Ман бо як пироҳан аз Афғонистон берун шудам. Ҳар касе бароятон гуфт, раиси ҷумҳуриятон шуморо фурӯхт ва барои манфиати молӣ ва ҳифзи ҷони хеш фирор кард, бовар накунед”.