Президенти Туркманистон вазирони дифою амниятро танбеҳ дод

Далели танбеҳи вазирони мудофиа ва амнияти миллии Туркманистон аз сӯйи президент роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолият арзёбӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл – Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ду масъули баландпояи таъмини амнияти кишварашро танбеҳ додаст.
Ба иттилои нашрияи ҳукуматии "Нейтральный Туркменистан", аз ҷумла вазири дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти давлатии Туркманистон, Бегенч Гундогдиев ҷазо дар намуди танбеҳ гирифтааст.
Ҳамчунин Бердимуҳаммадов чунин чораро дар мавриди вазири амнияти миллии кишвараш, Қурбонмират Аннаев низ татбиқ кардааст.
Нашрияи расмии ҳукумати Туркманистон менависад, ки Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки ба натиҷаҳои кори сохторҳои қудратии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бахшида шуд, фармонҳои дахлдорро имзо кард.
Оҷил: Ҳамлаи мушакӣ ба марзи Ӯзбекистон
Дар фармони муҷозот таъкид шудааст, ки "барои иҷрои номатлуби вазифаҳои хидматӣ ва камбудиҳо дар кор" танбеҳ эълон карда шавад. Аммо тафсилоти онро ироа накардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Бегенч Гундогдиев аз соли 2018 вазири дифои Туркманистон ва аз соли равон котиби Шӯрои амният мебошад.
Қурбонмират Аннаев аз соли 2020 раёсати Вазорати амнияти миллии Туркманистонро бар ӯҳда дорад.
Татбиқи танбеҳ дар ҳолест, ки Туркманистон дар баробари кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва ба гуфтаи таҳлилгарон хатарҳои бархоста аз ин кишвари ҳамсоя бар амнияти минтақа таҳдид мекунад.