ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Собиқ сармураббии дастаи "Истиқлол" -и Тоҷикистон, Виталий Левченко ҳамакнун расман роҳбари тими "Нафтчӣ"-и Ӯзбекистон таъйин шуд.
Манобеи Pressa.tj хабар медиҳад, ки Левченкоро дар як ҷаласа бо иштироки раиси вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, раиси Федератсияи футболи ин вилоят ва раиси шаҳри Фарғона муаррифӣ намуданд.
Ҳамин тариқ, собиқ сармурабии тими "Истиқлол" футболбозони ӯзбекро тамрин медиҳад.
Дар Тоҷикистон шартномаи ӯ бо дастаи "Истиқлол" моҳи гузашта ба анҷом расид ва тибқи хабарҳо ҳар ду ҷониб дигар зарурати тамдид намудани шартномаро қабул надоштанд.
Ин тим ҳарчанд дар мавсими гузашта бо роҳбарии Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввал ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Вале соли равон тими "Истиқлол" дар Лигаи Осиё ба даври плей-офф ҳам роҳ наёфт.
Қаблан хабарҳо нашр шуданд, ки Левченко фаъолияти минбаъдаашро дар бошгоҳи "Тӯрон" -и Ӯзбекистон идома медиҳад, вале ҳоло дақиқ шуд, ки ӯ дастаи "Нафтчӣ" -и ин кишарро роҳбарӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки феълан иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ ба дӯши Алишер Тухтаев вогузор шудааст.