Машварати лаби кӯл: ҳамаи президентҳои ОМ даъвати Қирғизистонро пазируфтаанд

Мулоқоти машваратии президентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба анъанаи ҳарсола табдил ёфтааст, соли равон дар Қирғизистон баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Президентҳои ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ даъвати иштирок дар мулоқоти машваратии сарони кишварҳои минтақа дар Қирғизистонро пазируфтанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Қирғизистон хабар дода, афзуд, мулоқот 21 июл дар назар аст.
Дар мулоқот иштироки роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон ба нақша гирифта шудааст.
Макони баргузории ҳамоиши сарони Осиёи Марказӣ шаҳри Чолпон-Ата, маркази вилояти Исиқкӯл интихоб гардидаст.
Ҷониби Тоҷикистон, расман дар бораи иштироки президент, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши роҳбарони минтақа дар соҳили Исиқкӯл ҳанӯз иттилое надодааст.
Ҳимояти президенти Қазоқистон аз иқдоми раисҷумҳури Ӯзбекистон дар Қароқалпоқистон
Омодагиҳо ба ин мулоқот ахиран дар суҳбатҳои телефонии Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев баррасӣ гардиданд.
Инчунин масъалаи баргузории ин ҳамоиш аз мавзуъҳои суҳбати телефонии охири Мирзиёев бо Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон будааст.
Баргузории мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромада, он ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳои минтақа баргузор мешавад.
Соли гузашта мизбони мулоқоти машваратии президентҳои Осиёи Марказӣ Туркманистон буд.