Пешравӣ дар пеш: Муборакшоев сатҳи ММА дар Тоҷикистонро арзёбӣ кард - видео

Қаҳрамони ММА варзишкори шикастнадидаи тоҷик, Муборакшо Муборакшоев мегӯяд, ҳар як ҷавони тоҷик қодир аст дар муҳорибаҳои омехта ба қуллаҳои баландтарин бирасад
Sputnik
Муборакшо Муборакшоев, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст, вале аллакай дар корномаи варзишиаш 7 пирӯзӣ дар риштаи муҳорибаҳои омехта ва 1 пирӯзӣ дар риштаи муштзанӣ дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон, сатҳи рушди ММА дар кишварро арзёбӣ кард.
Муборакшо бовар дорад, ки муҳорибаҳои омехта намуди варзишест, ки бояд тоҷикони кӯҳистонӣ ба он машғул шаванд.
Муборакшоев: "UFC ва миллион намехоҳам, дар Хоруғ тамрингоҳи бузурги ММА месозам"
"Замоне, ки дар Тоҷикистон муҳорибаҳои омехта роҳандозӣ шуд, дигар кишварҳо аллакай даҳсолаҳо пеш, ин навъи варзишро таҷриба мекарданд. Барои расидан ба сатҳи онҳо каме мушкил буд. Вале, ман фикр мекунам, ки ҳамаи мардуми тоҷик, махсусан мардуми кӯҳистон барои ҳамин намуди варзиш қобилияти хуб доранд", - гуфт Муборакшо.
Барои бештар рушд додани ин навъи варзиш дар Тоҷкистон, Муборакшо мегӯяд бояд шароити хуб муҳайё кард. Ӯ бовар дорад, ки ҳар як ҷавони тоҷик метавонад махсусан дар ҳамин риштаи варзиш ба қуллаҳои баландтарин бирасад.
"Мардуми тоҷик ва махсусан мардуми Кӯҳистони Бадахшон бояд ба ин намуди варзиш машғул шаванд. Онҳо қобилият доранд ва ҳавои тозаи кӯҳистон барои обу тоби бадан бисёр муфид аст", - гуфт Муборакшо.
Ӯ мегӯяд, барои ба сатҳи ҷаҳонӣ баровардани ММА дар Тоҷикистон бояд кӯдаконро аз хурдӣ омода кард. Варзишкори тоҷик барои омода шудани бадани кӯдакон ба ММА як намуди варзишро тавсия медиҳад.
"Аз хурдӣ бояд кӯдакон бештар ба куштии тарзи озод машғул шаванд то замони пайвастан ба ММА бадани онҳо омода бошад", - гуфт Муборакшо.
Барои тақвияти ин гуфтаҳо варзишкори тоҷик размикори №1-и ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадовро мисол овард, ки ҳамеша дар октагон аз усулҳои куштӣ истифода мекард ва пирӯз мешуд.